ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ба таври озмоишӣ низоми ягонаи мониторинг ва сабти маълумот дар бахши муҳоҷиратро роҳандозӣ намояд.
Мақомот ният доранд, ки ин лоиҳаро ба таври озмоишӣ дар соли 2023 роҳандозӣ намоянд, иттилоъ додааст Вазорати рушди иқтисоди Русия.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки қисми асосии хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ рақамӣ карда шавад. Ҳамчунин дар бораи таъсиси марказҳои пеш аз муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаҳо ба имзо расонанд.
Илова бар ин, тибқи маводи Вазорати рушди иқтисод, мақомот ният доранд, ки дар соли ҷорӣ методологияи арзёбии эҳтиёҷоти бахшҳои иқтисоди Русия ба захираҳои меҳнатии хориҷиро таҳия намояд ва инчунин Консепсияи сиёсати давлатӣ дар умури муҳоҷират то соли 2025-ро навсозӣ кунанд.
Қаблан коршиносони Мактаби олии иқтисод шумори муҳоҷироне, ки ба иқтисоди Русия лозим аст, ҳисоб карда буданд.
Коршиносон ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 миллион муҳоҷир ҷалб карда шавад.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфта, ки мақомоти вилоятҳои кишвараш ва мақомтҳои маҳаллӣ бояд бевосита дар кори мутобиқ кардани муҳоҷирон ба зиндагӣ дар Русия ҷалб карда шаванд.