ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо ҳамтои эрониаш Амирабдуллоҳиён дар Самарқанд бар алоқамандии кишвараш барои густариш ва афзоиши ҳамкориҳои байни якдигар таъкид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи чаҳорумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дидор ва дар бораи мавзуъоти дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугу карданд.
Тавре расонаҳои хабаргузории “Парс Тудей” хабар додааст Амирабдуллоҳиён дар ин дидор баргузории 15-умин даври Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар соли гузаштаро омиле барои тавсеаву тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи равобити дуҷонибаи баршумурд ва аз ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар ҳавзаи созмонҳои байналмиллалӣ қадрдонӣ кард.
Сироҷиддин Муҳриддин низ дар ин дидор бо табрики моҳи мубораки Рамазон ва иди Наврӯз аз тавофуқи Эрону Арабистон барои аз саргирии равобит ибрози хурсандӣ кард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин зимни мурури ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф бар алоқамандии давлаташ барои густаришу афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.