ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар фурудгоҳи Санкт-Петербург парвози ҳавопаймо ба самти Тоҷикистон лағв шуд.
Ин рӯзи дуввум аст, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии русии "Уралские авиалинии" бат Тоҷикистон лағв мешаванд.
Ҳамин тариқ, тибқи тоблои парвозҳои маҷозӣ, ҳавопаймои U6 2877 бояд соати 22:40 ба вақти маҳаллӣ рӯзи 14 апрел ба самти Кӯлоб парвоз мекард. Ҳоло дар тобло навишта шудааст, ки парвоз лағв шудааст.
Парвоз ба чанд муддат ба таъхир гузошта шудааст ва сабаби лағви парвоз гуфта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл парвози ширкати "Уралские авиалинии" аз Пулково ба Душанбе низ лағв шуда буд.
Бояд қайд кард, ки ин ягона парвоз нест, ки парвози он лағв шуда бошад. Масалан, рӯзи ҷумъа ширкати ҳавоии “Икар”парвоз ба самти Саранскро лағв кард. Дар ҳоле, ки фурудгоҳи шаҳри Санкт-петербург мисли рӯзҳои оддӣ кор мекунад.