Орбан: Украина кишварест, ки вуҷуд надорад

Нахуствазири Маҷористон гуфт, Аврупо барои Украина миллиардҳо доллар масраф мекунад, ки ба иқтисоди ИА намерасад ва ин раванд наметавонад то абад идома ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Муноқиша дар Украина замоне хотима хоҳад ёфт, ки ИМА ва Аврупо аз пуштибонии он даст кашанд.
Дар ин бора сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ба радиои “Коссут” гуфт.
Ба гуфтаи вай, Киев кишварест, ки қудрати мавҷудияти мустақилро надорад.
"Дар воқеъ, Украина аз лиҳози молӣ як кишварест, ки вуҷуд надорад. Поин рафтани нишондодҳои иқтисодӣ хеле бузург аст", - гуфт ӯ.
Суол ин аст, ки оё Ғарб Украинаро маблағгузорӣ мекунад ё на, гуфт сарвазири Маҷористон.
Президенти Куба Амрикоро дар барангехтани низоъ дар Украина муттаҳам кард
"Ҳамон замоне, ки Амрико ва Аврупо не гӯянд, ҷанг хотима меёбад", -гуфт ӯ.
Орбан таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо барои нигоҳдории Украина миллиардҳо доллар сарф мекунад. Маблағҳо ба бахшҳои зерин равона мешаванд:
пардохти нафақа дар Украина;
нигоҳдории муассисаҳои давлатӣ;
тақвияти бахши тандурустӣ;
маориф
"Ин маблағи ҳангуфт, даҳҳо миллиард евро ҳастанд, ки ба худи иқтисоди Аврупо намерасад. Маълум аст, ки ин то абад идома ёфта наметавонад", - афзуд раҳбари Маҷористон.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Маҷористон низ дар расонидани кумаки моддӣ ба Украина аз ҳисоби буҷаҳои муштараки Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунад, аммо бо вуҷуди ин, вазъи ақаллияти маҳаллӣ дар Закарпатия пайваста бадтар мешавад.