Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" баргузор шуд.
фесивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Дар ин фестивал беш аз 30 нафар ҳунармандон аз чаҳор ноҳияи пойтахт маҳсулоти худро дар бахшҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, кузагарӣ, нассоҷӣ ва оҳангарӣ намоиш доданд
Қаблан раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуда буд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор кардани Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" тадбирҳои дахлдор андешанд.