Душанбе рӯзи пойтахтро бо шукуҳ таҷлил мекунад: Макони чорабиниҳои асосӣ куҷост?

Дар чаҳор ноҳияи шаҳр, дар Рӯзи пойтахт базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Рӯзи пойтахт дар чаҳор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.
Дар ин бора Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 апрел, ҳамзамон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад.
Баргузории Фестивали ҳунармандон дар шаҳри Душанбе
Дар маросими мазкур озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — "Беморхонаи сол", "Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тибби сол", "Мураббии сол", "Омӯзгори сол", "Хонандаи сол", "Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе" ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад.