Даъвати Бонки миллӣ аз бонкҳои Швейтсария: Вориди бозори Тоҷикистон шаведу филиал кушоед

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Швейтсария дар соҳаи бонкдорӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ахиран Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар дидо бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масъалаи кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар қаламравиТоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Тавре дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст, мулоқоти мазкур Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар Вашингтон сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки Ҳоким Холиқзода дар ин дидор таваҷҷуҳи Томас Йорданро ба иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии кишвар ва кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар қаламрави Тоҷикистон ҷалб кард.
Швейтсария хостори рушди низоми бонкии Тоҷикистон аст
Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки Бонки миллӣ ба сифати ниҳоди муҳим дар баробари дигар самтҳо ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин самт ба стандартҳои муосир ва таҷрибаи бонкҳои марказии пешқадам такя менамояд.
Раиси БМТ таъкид кардааст, ки азбаски Бонки миллии Швейтсария дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, бинобар ин омӯхтани таҷрибаи ин бонк барои Бонки миллии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.
Дар назар аст, ки зимни ҳамкорӣ ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ, истифодаи ченаки арзиш дар хавф (VAR) дар раванди идоракунии хавфи амалиётӣ, идорасозии мунтазамии фаъолият, идорасозии хавфи тарафҳои сеюм, хавфҳои киберамният, хавфҳои қаллобӣ, гузаронидани фишор, санҷиши хавфҳои амалиётӣ, баҳодиҳии раванди идоракунии хавфи амалиётӣ аз ҷониби аудити дохилӣ ва ғайра таваҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Инчунин тарафҳо дар бораи масъалаи ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон табодули назар карданд.
Эҳтимоли чопи сомонӣ дар Швейтсария, на Олмон
Дар ин дидор раиси Бонки миллӣ аз нав барқарор кардани равобити мустақими муросилотӣ бо бонкҳои аврупоӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот Томас Йордан дар бораи ҳамкории техникӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо омодагии худро баён кард.
Вай гуфт Бонки миллии Швейтсария омода аст давоми соли равон барои баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллӣ дар бахшҳои муҳим, аз қабили сиёсати пулию қарзӣ, ҳисобдорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки низоми бонкӣ машварат ва давраҳои омӯзишӣ баргузор намояд.