Бузургтарин ширкати чинӣ қасд дорад дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба намояндагони Чин дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андозбандиҳо гуфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкатҳои чинии Macao Bridge Technology Limited ва Alibaba қасд доранд дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кунанд.
Дар ин бора дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Чин соҳаҳои асосии саноати мамлакат, аз қабили ҷалби маблағ барои логистика ва нақлиёт, киишоварзӣ, фарҳанг ва туризмро баррасӣ кардаанд.
Дар навбати худ Тоҷикистон дар бораи минтақаҳо ва имконоти сармоягузорӣ дар кишвар маълумот додааст.
Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин
Илова бар ин, кумита ба сармоягузорон дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андоз маълумот дод.
Дар натиҷаи музокирот ширкати Alibaba, ки бо сомонаи интернетии AliExpress ва системаи пардохтии Alipay маъруф аст, ба ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил додааст.
Тибқи омори гумрукии Чин, ҳаҷми тиҷорат бо кишвари ҳамсояаш дар соли 2022 20% афзоиш ёфтааст.
Се сармоягузори аслии вилояти Хатлон маълум шуд
Қаблан Тоҷикистон нияти густариши тиҷорат бо Чинро пас аз боз шудани марзҳо изҳор карда буд. Рақамҳои мушаххаси гардиши молро нагуфтаанд, вале интизор мерафт, ки тиҷорати мутақобила ба сатҳи сифатан нав мебарояд.
Ба ин навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ, ки давоми 3 соли охир гузаронда шуд ва инчунин тагғйири усули ҳамлу нақл мусоидат кард.