ВКХ Эрон: Амрико масъули бесуботӣ дар Афғонистон аст

Ба андешаи ҷониби Эрон, Вашингтон масъули фақру бесуботӣ дар Афғонистон аст ва бояд бо шариконаш оқибатҳои онро бартараф намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Сиёсати Амрико дар Афғонистон боиси густариши терроризм ва адами амният дар ин кишвар шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон.
"Эрон аз мавзӯъи терроризм ва ифротгароӣ ва ҳамчунин сиёсатҳои нодурусти Амрико, ки боиси тавсеъаи пайвастаи терроризм ва адами амният дар Афғонистон мешавад, нигарон аст... Афғонистон имрӯз ба ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилот дар сатҳи минтақа бештар ниёз дорад",- гуфтааст Амирабдуллоҳиён.
Ба таъкиди мавсуф, дахолати Ғарб, Иёлоти Муттаҳида ва фаъолон дар ду даҳсола ин кишварро, ки барои минтақа муҳим аст, ба фақр ва бесуботӣ бурд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанд нишасти "чаҳогона"-и минтақавӣ баргузор шуд.
Дар он вазирони умури хориҷаи Эрон, Русия, Чин ва Покистон дар баёнияи муштарак гуфтанд, ки Амрико ва муттаҳидонаш бояд масъулияти авзоъ дар Афғонистонро бар ӯҳда бигиранд ва ҳамчунин таҳримҳоро лағв кунанд ва дороиҳои дар хориҷ бударо баргардонанд.
Илова бар ин, кишварҳо шадидан бо эҳёи пойгоҳҳои низомии Амрико ва муттаҳидон дар Афғонистон ва атрофи он мухолифат карданд. Ба назари онҳо, ин ба сулҳу субот дар минтақа зарар мерасонад.
Дар нишасти чаҳоруми вазирон раҳбарони вазоратҳои хориҷаи Узбекистон, Русия, Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Ҳамсояҳои Афғонистон аз Толибон* хостанд, ки ҳукумати фарогир ташкил диҳад
Дар ҷараёни ин чорабинӣ кишварҳои ширкаткунанда қасд доранд мавқеъҳоро дар масъалаи Афғонистон мубодила кунанд. Ба мушкилоти амният, муқовимат ба таҳдидҳои густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Тавре дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон қайд карда шуд, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои эҳтироми ҳуқуқи инсон ва идомаи раванди оштӣ дар дохили афғон тавассути таъсиси ҳукумати воқеан фарогир, ки манфиатҳои асосии ҳама қавмҳо ва гуруҳҳои сиёсиро инъикос мекунад, баррасӣ хоҳанд шуд.
Ин нишаст имкон медиҳад, ки талошҳо барои беҳбуди вазъи башардӯстона дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, аз ҷумла тавассути ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои зерсохтори минтақавӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Ин чаҳорумин нишасти вазирон оид ба Афғонистон аст.