ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар давоми семоҳаи якуми соли 2023 барои ҷалби сармояи хориҷи тадбирҳо андешида, ба вилоят 71 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, гуфт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли равон.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 71,0 млн. доллари сармояи хориҷии воридшуда, 60,8 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ мебошанд.
Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар ё ин, ки 43,2 млн. доллар зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки ба вилоят аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Русия 41,7%, Чин 33,1% ва Эрон 19,1% рост меояд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа қайд карда шудааст, ки дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 863 миллион доллар баробар мебошад.
Инчунин бонкҳои вилоят 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 248,2 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои раиси вилояти Хатлон гардиши савдои чакана 3,2 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бо нархҳои ҳақиқӣ ба 602,1 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 15,3 ва 3,3 фоизиро ташкил медиҳад.
Гардиши савдои хориҷӣ бошад ба 96,5 миллион доллар расида,36,2 миллион доллар содирот ва 60,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулотҳо ташкил додааст.