ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Таъмирталаб будани роҳҳо, эҳтиёҷ ба мактаби нав, набудани варзишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ дар шароити деҳаҳо аз шумори мушкилиҳое будаанд, ки зимни мулоқот донишҷӯён бо раисони ноҳияҳои Суғд дар миён гузоштаанд.
Роҳандозии мулоқот бо иштироки раисон тибқи дастури раиси вилояти Суғд сурат мегирад. Мақсад аз баргузории вохуриҳо баррасии мушкилоти донишҷӯён гуфта мешавад.
Тоҷибой Султонӣ, мудири бахши идеологияи вилоят ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баргузории мулоқоти рӯ ба рӯи раисон бо донишҷӯён то охири моҳи апрел идома хоҳад кард.
“Вохӯриҳо дар фазои озод баргузор шуда дар он донишҷӯён метавонанд мушкилоти мавҷудаи худро бо раисони ноҳия дар миён гузоранд” – зикр кард, Султонӣ
Бино ба иттилоъи манбаъ то ин вақт мулоқоти раисони шаҳру навоҳии Ашту Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Зафаробод ва Деваштич бо донишҷӯён дар толори “Қасри ҷавнон” и Хуҷанд баргузор шудааст.
Маъмулан дар ин қабил вохӯриҳо раисон аз дастоварду пешравиҳои сиёсати ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо ҳарф зада ҳамчунин ба мутахассисони ҷавон эҳтиёҷ доштани идораҳои давлатӣ дар мисоли деҳоту шаҳракҳо иброз мекунанд.
Тоҷибой Султонӣ мегуяд, мушоҳида мешавад, ки солҳои охир шеваи масъалагузории донишҷён тағйир ёфта, аксаран дар ин гуна мулоқотҳо озодона мушкилии худ ва зодгоҳи худро дар миён мегузоранд.
“Донишҷӯён имсол бештар ба масъалаҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта аз ҷумла таъмирталаб будани роҳҳо, набудани мактаб, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ дар шароити деҳаҳо муроҷиат намудаанд” – гуфт, мудири шуъбаи идеологӣ
Чанде қабл вохӯрии Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич бо донишомӯзони ин ноҳия дар маркази шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва аз ин фурсат Манзура Бахтиёрзода донишҷӯи курси 4 – уми шӯъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар бораи гарон будани нархи роҳкиро гуфта, муроҷиат кард, ки арзиши роҳкиро барои донишҷӯён поён бурда шавад.
Дар посух ба ин пешниҳоди донишҷӯ, раиси ноҳия ваъда кардааст, ки ширкатҳои мусофиркашониро муваззаф менамояд, то дар ин масъала чораандеша намуда барои донишҷӯён бо нархи нисбатан арзон хизматрасонӣ намоянд.
Баъд аз хатми мулоқот раиси ноҳияи Деваштич ба 100 донишҷӯ аз оилаҳои камбизоат 100 – сомонӣ кӯмакпулӣ дода, хостори хониши аъло намудааст.
Вохӯриҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар толори “Қасри ҷавонон” ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд доир мегардад ва қарор аст он то санаи 25 апрел идома хоҳад кард.