Фоҷиа дар Ленинград: кӯдаки муҳоҷири тоҷик, ки аз ошёнаи чаҳорум афтида буд, даргузашт

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтааст, ки барои ба Ватан фиристодани ҷасади духтарчаи хурдсол кумак хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Кӯдаки 2-сола тоҷик, ки дар вилояти Ленинград аз тирезаи бинои 4 ошёна ба поён сарозер шуд, даргузашт.
Дар ин бора намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Кӯдак рӯзи 12 апрез ба ҳалокат расид. Сафорат тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида изҳор менамояд", - афзуд манбаъ.
Ин ниҳод гуфт, вазъияти мазкур феълан таҳти пайгирии сафорат ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 9 апрез дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради кӯчаи Первомайская рух дод.
Духтарча аз ошёнаи чорум афтода, ӯро дар ҳолати вазнин бо ҷароҳатҳои хоси афтидан аз баландӣ ба беморхона бурданд. Ҳодиса дар кӯчаи Первомайская рух додааст.
Кудаки муҳоҷири тоҷик аз бинои баландошёнае дар Маскав афтодааст: тафсилоти фоҷиа
Пизишкон муайян намуданд, ки ҳангоми ба замин сарозер шудан, косахонаи сари кӯдак сахт осеб дидааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, ноболиғ аз сабаби беназоратии калонсолон аз тирезаи манзил ба берун афтодааст.
Муайян шудааст, ки волидони кӯдак шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ин оила боз ду фарзанди 5 ва 4-сола доранд.
Ин аввалин ҳодиса набуда, қаблан низ чунин нохушӣ бо оилаи муҳоҷири дигари тоҷик рух дода буд. Он замон кӯдаки панҷсола аз тирезаи бинои 18 ошёна ба поён сарозер шуда, то расидани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.