ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар се моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 165 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс ба се моҳи соли 2022-юм 18 нафар бештар аст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”
Бунафша Раҳмизода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, иттилоъ додааст, ки фарзандхондӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ҷомӣ, Ёвон, Қубодиён, Балхӣ, Кушониён, Фархор, Данғара ва шаҳри Бохтар ба қайд гирифта шудааст.
“Оилаҳое, ки кӯдаконро ба фарзандхондӣ гирифтаанд, солҳои зиёд бо ҳам зиндагии муштарак доранд, аммо фарзандор намешаванд, барои барҳам нахӯрдани оилаи худ аз хонаи ятимон ва хешу табори худ кӯдаконро ба фарзндӣ қабул мекунанд”, – таъкид кардааст мақомдори тоҷик.
Вай илова кард, ки ин омил боиси кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилоят гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Хатлон дар бораи кам шудани талоқ ва зиёд гардидани никоҳ миёни ҷавонон хабар дода буд.
Сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвании Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода иттилоъ дода буд, ки дар вилоят давоми се моҳи соли равон 758 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 212 ҳолат кам мебошад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Хонум Раҳимзода илова кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 8 ҳазору 744 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 725 ҳолат зиёд мебошад.
Яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳоро мақомот ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомот рабт дода буд.