ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи маълумоти пешакӣ моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа яъне 21 апрел ба поён мерасад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин хабар дод.
“Ба эҳтимоли зиёд 21 апрел Иди Рамазон таҷлил мешавад”, - тавзеҳ дод сухангӯи Кумитаи дин.
Дар ҳамин ҳол вай илова кард, ки санаи дақиқи рӯзи ид сешанбеи ҳафтаи оянда рӯзи 18 апрел дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад.
Ёдовар мешавем, ки иди Рамазон барои ҳар як мусалмон баъд аз моҳи рӯзадорӣ 3 рӯз идома мекунад. Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 23 март оғоз шуд.
Рӯзи таҷлили Иди Рамазон дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст. Тибқи анъана дар тамоми масҷидҳои бузурги шаҳру навоҳии кишвар субҳ намози Ид барпо мегардад ва пас аз он мардум ба аёдати хешу табор ва наздикон мераванд.