Ҷамъбасти 10 рӯзи даъвати наваскарон: Вазорат гуфт, чанд фоиз нақша иҷро шуд

Аз аввали моҳи апрели дар Тоҷикистон даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллуди 1996-2005 ба артиш оғоз ёфта то моҳи май идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни даъвати наваскарон комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иҷрои нақшаро ба 40% баробар намуданд.
Дар ин бора дафтари матбюуоти Вазорати мудофиаи бо нашри як иттилоия хабар дод.
Вазорат ҳамчунин иҷрои нақшаро дар таносуби минтақаҳо тавзеҳ додаст. Зикр гардидаст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳим, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Иҷрои нақшаи даъвати наваскарон дар шаҳри Душанбе ба 30% баробар гардидааст. Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, иҷрои нақшаро ба 57% баробар намудаанд.
Манбаъ меафзояд, ноҳияҳои Лағш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат нақшаро пурра иҷро намуданд.
ВМКБ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро кард
Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозони ояндаи кишвар дар вилояти Хатлон муодили 34%-и нақша гардидааст. Дар ин вилоят ноҳияи Вахш нақшаро аллакай анҷом додааст.
Комиссияҳои даъватӣ дар вилояти Суғд аз иҷрои 26%-и нақша ҳисобот додаанд.
Манбаъ зикр намуд, ки аз 1-уми апрели соли равон, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ шурӯъ шуда, то моҳи май идома хоҳад ёфт.