Атбои афғонистонӣ дар рутбаи дувуми муҳоҷират ба Аврупо

Ба иттилои як пажуҳиҳгоҳи хориҷӣ атбои афғонистонӣ бо 600 ҳазор дархости паноҳандагӣ дар рутбаи дувуми паноҳандагон ба Аврупо арор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Идораи омори Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки афғонистониҳо бо 600 ҳазор дархости паноҳандагӣ пас аз мардуми Сурия бештарин дархостро барои ҳузур дар ин қорра доранд, иттилоъ додааст хабаргузории "радио дарӣ".
ба иттилои манбаъ, бар асоси таҳқиқот Донишкада Дюранд мардуми Афғонистон ба се далел бо 600 ҳазор дархост иқомат дар 10 соли гузаштаи баъд аз атбоъи Сурия дар ҷойгоҳи дувуми дархости паноҳандагӣ дар бораи Аврупо қарор доранд.
Нахустин далели ноамнии мавҷуд дар Афғонистон ба далели хуруҷи ғайримасъулонаи Амрико аз ин кишвар дар тобистон соли 2021.
Далели дувуми билотаклифии Афғонистон дар ташкили давлати фарогири муташаккил аз ҳамаи ақвом Афғонистонӣ аст.
Афғонистон дар феҳристи кишварҳои дар маърази хатари қаҳтӣ
Далели сеюм низ набудани як роҳи ҳал бо давом барои бозгашти атбоъи афғонистонӣ ба кишвар худ аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш комисари олии СММ дар умур паноҳндагон гуфта буд, ки ба далели оворагии дохилӣ, бисёри афғонҳо ба дунбол паноҳандагӣ ҳастанд .
Ин созмони бо нашри эъломияе гуфта, ки 3,4 млн. нафар дар дохили Афғонистон овора ҳастанд.
Комисарияи СММ мегуяд, ки Афғонистон 2,8 миллион паноҳанда дар ҷаҳон дорад.
Ба гуфта ин идора, ҳимояти молии қавӣ аз кишварҳои ҷаҳон кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз искони муҷаддади муҳоҷирини афғон бисёр ҳаётӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки бештарин муҳоҷирони афғон дар кишварҳои Эрон ва Покистон ҳастанд.