ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Амалиёти эҳтимолии зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз сабаби нарасидани сарбозон, муҳимоти ҷангӣ ва аслиҳа метавонад ба ба мушкил дучор шуда, чунин мепиндоранд дар Иёлоти Муттаҳида.
Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post бо такя ба маводи истихбороти ИМА, ки дар расонаҳо фош шудааст, хабар медиҳад.
Ба гузориши WaPo, асноди "сирф махфӣ" аз "норасоиҳои ҷиддие дар таъминот ва пуштибонии нерӯҳо" ҳушдор медиҳанд ва эҳтимоли ин амалиёт танҳо ба "дастоварди ночизи ҳудудӣ" бо талафоти қобили мулоҳизаи сарбозони украинӣ мебинанд.
Чунон ки нашрия қайд мекунад, чунин пешгӯӣ мавриди интиқоди корбарон қарор гирифта, бар ин назаранд, ки ИМА ва НАТО набояд Киевро бо яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъмин накунанд, балки барои ташкили гуфтушуниди сулҳомез, ки ба ҷанг хотима мебахшанд, саъю кушиши дипломатӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ, ки мудохила карда, ҷонибдории Украинаро карданд, изҳор доштанд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа Киевро аслиҳа ва муҳимот таъмин кунанд.