ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд нақшаи солонаи саршумори чорвои майда 66% иҷро шуд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Сарвари вилоят аз чанд хоҷагии навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ дидан кард.
Раджаббой Ахмадзода
© Пресс-служба председателя Согдийской области
Тибқи иттилои расмӣ, дар мавсими имсола аллакай 58 ҳазор сар чорво таваллуд шудааст.
Гузашта аз ин, дар тамоми хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1 миллион сар чорвои майда мавҷуд аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар бахши кишоварзӣ маҳсуб мешавад, зеро он аҳолии Тоҷикистонро бо маҳсулоти гӯшту шир ва бахши саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад.
Раджаббой Ахмадзода
© Пресс-служба председателя Согдийской области
Ёдовар мешавем, ки то охири соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 6 миллион сар чорвои майда мавҷуд буд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар муқоиса бо соли 2021 саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ дар саросари кишвар ба ҳисоби миёна 4% афзоиш ёфтааст.
Ғайр аз ин 83% чорвои майда дар бахши хусусӣ мебошад.