Сафар аз Тюмен ба Хуҷанд осон мешавад: Utair хатсайри нав мекушояд

Парвозҳо аз Тюмен ба маркази шимолии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе асосан шом ва шабона анҷом дода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Сар аз 3 май ширкати ҳавопаймоии русии Utair аз Тюмен ба самти Хуҷанд хатсайр боз мекунад.
Дар ин бора президенти ширкати ҳавопаймоӣ Олег Семёнов хабар дод.
"Солҳои зиёд аст, ки мо аз Маскав ба Душанбе парвозҳо анҷом додем ва ҳоло парвозҳоро аз Тюмен ба Хуҷанд, дуввумин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон оғоз мекунем", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои расмӣ, парвозҳо ҳафтае 2 маротиба: рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.
Хатсайр каме бештар аз 3 соат тӯл мекашад ва вақти парвоз аз 18:00 то 00:30 фарқ мекунад.
Илова бар ин, Семёнов дар мавсими фасли гармо парвозҳои байналмилалиро эълон кард.
"Ҳамчунин дар мавсими баҳор-тобистон мо аз Тюмен ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистон парвозҳо анҷом медиҳем", - изҳор дошт президенти ширкати ҳавопаймоӣ.
Парвозҳо аз Маскав ба Тоҷикистон маъмултарин шудаанд
Пештар Utair барномаи хатсайрҳои минтақавии ҳавоии хориҷиро аз Сибир, Поволже ва Кавказ васеъ намуд.
Ин амалкард ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон низ таъсир расонд ва ҳамин тавр, аз Маскав ба Душанбе ва аз Сургут ба Хуҷанд парвозҳои иловагӣ боз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шабакаи масири Utair зиёда аз 120 самт мавҷуд аст. Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки Поволже, Сибир, Русияи Марказӣ ва Ҷануби мамлакат бо хатсайрҳо бевосита пайваст карда шавад.
Ширкат ба хориҷ аз вилоятҳо ва пойтахт ба шаҳрҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, АМА, Туркия ва Узбекистон парвоз мекунад.