ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз Хуҷанд ба Ҳисор гузаронида мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, рақобати "Истиқлол"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Дафтари матбуоти ФФТ сабаби ба таъхир афтодани бозӣ омода набудани сабзаи варзишгоҳи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и Хуҷанд хондааст.
Қаблан федератсия мушкилотро дар татбиқи системаи VAR эълон карда буд, ки истифодаи аввалини он бояд ҳангоми бозӣ барои Суперҷоми сурат мегирифт.
Гуфта мешавад, ки таҷҳизот аллакай харидорӣ шудааст ва сухан дар бораи таъхири таъминкунандагони таҷҳизот меравад.
"Бинобар он, ки шӯъбаи доварон ва нозироти ФФТ то ҳол омӯзиши амалии ҳакамонро оид ба истифода аз системаи кӯмаки видеоӣ ба анҷом нарасондааст, он ба нимаи дуюми Чемпионати Лигаи олӣ гузаронида шуд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти ташкилот.