Трамп дигарбора аз ҷанги саввуми ҷаҳонӣ гуфт

Собиқ раисҷумҳури Амрико, ки борҳо аз эҳтимоли сар задани ҷанги саввуми ҷаҳонӣ мегӯфт, ҳоло боз дар сафҳаи иҷтимоии ӯ дар ин бора навишт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп ин дафъа дар шабакаи иҷтимоии Truth бори дигар ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ишора кард, хабар медиҳад "РИА Новости".
"Ҷанги саввуми ҷаҳонӣ", - навиштааст Трамп бидуни шарҳу тафсилоти бештар.
Дар авоили моҳи апрели соли 2023 ӯ эҳтимоли сар задани ҷанги саввуми ҷаҳонро таҳти раёсати президент Ҷо Байден эълон кард.
Ба гуфтаи раиси собиқи Кохи сафед, ҳоло таҳдидҳои ошкори кишварҳо дар бораи истифодаи силоҳи ҳастаӣ вуҷуд доранд, дар ҳоле, ки дар замони маъмурияти ӯ ингуна таҳдидҳо "ҳеҷ гоҳ зикр нашудаанд".
Президенти 45-умин дар таърихи Иёлоти Муттаҳида таъкид кард, ки дар замони раҳбари кунунии давлат ин метавонад боиси ҷанги сеюми ҷаҳонии ҳастаӣ шавад.
Таҳдиди 136 соли зиндон ба Трамп
Моҳи марти соли 2023 зимни суханронӣ дар як гирдиҳамоӣ Трамп худро ягона номзад ба раҳбарии Амрико номид, ки қодир аст аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад. Ӯ зикр намуд, ки хатари сар задани ҷанг воқеӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки феълан алайҳи Доналд Трамп барои тақаллуби сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 модда айб эълон шудааст.
Шабакаи телевизионии "Fox News" қаблан хабар дод, ки аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда ба собиқ кишвардори Амрико 136 соли зиндон таҳдид мекунад.
Худи Трамп тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо қабул надорад.