ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар шаҳри Николски вилояти Ленинград як кӯдаки 2-сола пас аз афтодан аз тиреза ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифт, хабар медиҳад хабаргузории Невский News.
Писарбача аз ошёнаи чорум афтод. Ӯро дар ҳолати вазнин бо ҷароҳатҳои хоси афтидан аз баландӣ ба беморхона бурданд. Ҳодиса дар кӯчаи Первомайская рух додааст.
Пизишкон муайян намуданд, ки ҳангоми ба замин сарозер шудан, косахонаи сари кӯдак сахт осеб дидааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, ноболиғ аз сабаби беназоратии калонсолон аз тирезаи манзил ба берун афтодааст. Муайян шудааст, ки волидони кӯдак шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ин оила боз ду фарзанди 5 ва 4-сола доранд.
Дар Николски дар як манзили имҷора ба сар мебурданд.
Ёдовар мешавем, қаблан Кумитаи тафтишоти Русия пас аз марги кӯдаке, ки аз тирезаи бинои баландошёна ба замин афтодааст, ба тафтиш шурӯъ карда, маълум шуд, ки писарбача аз Тоҷикистон аст.
Кӯдаки панҷсолаи муҳоҷирони тоҷик низ айнан ҳамин хел аз тирезаи бинои 18 ошёна ба замин афтод. Ӯ то расидани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.