ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфт, ки ният дорад дар интихоботи президентии соли 2024 иштирок кунад, аммо ҳанӯз омода нест, ки номзадиашро расман пешбарӣ кунад.
"Ман нақша дорам, ки номзадии худро пешбарӣ кунам, аммо мо ҳоло омода нестем, ки онро расман эълон кунем", - гуфт оқои Байден дар мусоҳиба бо NBC News.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Ҷо Байден алакай ба интихоботи оянда омодагӣ гирифтааст.
Расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳарчанд Байден бо эълони расмии иштирокаш дар интихобот "шитоб надорад", мушовирон дар Кохи Сафед дар бораи оғози маъракаи интихоботии ӯ "қарори ниҳоӣ" қабул хоҳанд кард.
Интихоботи навбатии президентии ИМА бояд соли 2024 баргузор шавад. Байден нияти ширкат дар интихоботро дорад, вале то ҳол расман дар ин бора изҳорот накардааст.
Дар ҳамин ҳол, хонуми аввали ИМА Ҷил Байден қаблан аз ҷомеа даъват карда буд, ки ба суханони шавҳараш дар бораи нияташ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар бовар кунанд ва изҳори итминон кард, ки шавҳараш дар соли 2024 барои даври дуввуми интихоботи раисҷумҳур ширкат хоҳад кард.