Як кишвари дигар метавонад ба БРИКС шомил шавад

Намояндаи як кишвари дигари Африқои Шимолӣ хоҳиши пайвастан ба иттиҳодияи иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳонро эълон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар пасманзари қатъи музокирот бо Сандуқи Байналмилалии Пул, Тунис масъалаи пайвастан ба БРИКС-ро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба намояндаи расмии "Ҷунбиши 25 июл"-и Тунис тарафдори раисиҷумҳур Маҳмуд бин Мабрук хабар дод.
"Ман маълумот дорам, ки Тунис масъалаи пайвастан ба гурӯҳи БРИКС-ро ҷиддӣ баррасӣ мекунад. Ин дар баробари имконоти дигар низ баррасӣ мешавад ва ин истисно нест", - афзуд вай.
Моҳи декабри соли 2022 ХБА баррасии қарзи тақрибан 2 миллиард доллар ба кишварро боздошт.
Ба унвони яке аз шартҳо барои додани қарз ба Тунис, ки ба мушкили иқтисодӣ мубориза мебарад, коҳиши пардохтҳои субсидияҳои ғизо ва энергияро талаб кард.
Чин: Аз узвияти Эрон дар БРИКС ҳимоят мекунем
Раисиҷумҳури Тунис Қайс Саид "диктатура"-и созмонҳои молии байналмиллалиро ғайри қобили қабул ва боиси фақир шудани бештари мардум арзёбӣ кард.
Вай ёдовар шуд, ки дар миёнаҳои солҳои 1980 коҳиши субсидияҳо боиси эътирозҳо шуд, ки дар он садҳо нафар кушта шуданд.
БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад. Як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Эрон низ қасд доранд ба ин иттиҳодия шомил шаванд.