Эрон ҳиҷоби занонро тавассути камераҳои ҳушманд назорат мекунад

Заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври номуносиб либос пӯшидаанд тавассути камераҳо "шикор" мешаванд ва баъдан огоҳӣ мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Эрон ба насби камераҳои видеоии ҳушманд шурӯъ кардааст, то занонеро, ки бе ҳиҷоб мегарданд ва ё номуносиб мепӯшанд, ошкор кунад.
Дар ин бора хабаргузории Tasnim бо такя ба баёнияи вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Чунин заноне, ки дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба камераҳои меафтанд, огоҳиномаҳо дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии вайронкунии такрорӣ мегиранд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир ба хотири "ҷилавгирӣ аз ташаннуҷ ва низоъҳои байни шаҳрвандон" марбут ба пӯшидани рӯсарӣ пешбинӣ шудааст.
Занони эронӣ бо либосҳои миллӣ - акс
Ёдовар мешавем, ки "Дастурномаи тавсияшаванда оид ба либос барои духтарон ва занон" дар Тоҷикистон нашр шуд.
Тибқи дастур, пӯшидани сатри сиёҳ ва ҳиҷоб ба услуби миллии тоҷикӣ мувофиқ нест ва аз ин рӯ, ташвиқ карда намешавад.
Ғайр аз ин, дар яке аз бахшҳо гуфта мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятй бо калӯш, куртаҳои шабона сайру гашт кардан мумкин нест.
Либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ духташуда, ки зарароваранд, низ тавсия мешавад, ки дурӣ ҷуст.