ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон Сардо Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
Дар ин бора хадаомоти матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намудааст.
Қайд карда шудааст, ки сафари Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон ба далели даргузашти модарбузурги раҳбари ин кишвар, модари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Оғулобод эҷе ба таъхир афтодааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сафари расмӣ рӯзҳои 10-11 апрел сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол Палатаи Савдо ва саноати кишвар хабар додааст, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон, ва ҳамчунин бизнес-форуми соҳибкорони ҳарду кишвар, ки дар ҳошияи сафари оқои Бердимуҳаммедов баргузор мешуд, низ лағв шуд.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳамедов барқияи тасаллият ирсол кард.
“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”, - навиштааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.