ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, дар шабакаи иҷтимоии VKontakte навишт, ки чаро Украина нопадид хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай Украина ба ҳеҷ кас лозим нест ва касе ба ӯ ниёз надорад.
Ӯ ба вижа хотирнишон кард, ки ҳимоят аз режими Киев "дар ҳоли ҳозири ҷаҳаннами воқеии молӣ ва сиёсиро барои аврупоиҳо эҷод кардааст ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар талош ҳастанд аз тариқи ширкатҳои низомӣ ва таҳримӣ барои худ равобити умумӣ эҷод кунанд.
Майкл Макино, сутуннависи “Вашингтон таймс”, қаблан ин ақидаро иброз карда буд, ки шикасти неруҳои мусаллаҳи Украина дар майдони набард, ғарбро маҷбур хоҳад кард аз кумаки низомӣ ба режим Киев имтиноъ кунад.
Ҳамчунин, дабири кулли НАТО эълом кард, ки ин эътилоф захоири гулӯлаҳои худро барои таҳвил ба Киев тахлия кардааст.
Терӣ Морон, намояндаи порлумони Аврупо аз Фаронса, гуфт ки Иёлоти Муттаҳида бар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо фишор меоварад то аз ҳалу фасли муноқиша дар Украина ҷилавгирӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.