Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Сербия

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои сербиаш масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни мулоқоти ду вазир масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Манбаъ хабар додааст, ки ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои рушди манбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди назар иброз намуданд.
Тоҷикистону Сербия масъалаи фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Сербия истифодаи имконоти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Кумитаи байниҳукуматии ду кишварро дар умури тиҷорат, ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.
Мавзуи иштирок дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дар бораи мулоқоти раисҷумҳзури Тоҷикистон бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич расонаӣ шуд
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.