Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст

Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово" дар баробари муҳоҷирони мард занони тоҷик низ нигаҳдорӣ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово"-и Маскав 147 шаҳрванди боздоштшудаи ҷумҳурӣ ҳузур доранд, иттилоъ дод ба Sputnik сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои сафорат, аз ин шумор 5 нафарашонро занони муҳоҷир ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорат аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия - воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москв - боздид намуда, бо роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд.
“Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - таъкид кардааст сафорат.
Инчунин, кормандони сафорат дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии "Сахарово"
Қайд карда шудааст, ки дар рафти сӯҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, барои дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуданд.
Дар ин дидор кормандони сафорат ба шаҳрвандон ваъда доданд, ки талош хоҳанд кард, то ҳуҷҷатҳояшонро ҳарчӣ зудтар омода намоянду онҳоро ба Ватан баргардонанд.
Қайд карда шудаст, ки рӯзи 9 апрел аз маркази “Сахарово” 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида хоҳад шуд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.
Сафорат қайд кардааст, ки корҳо барои ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.