Шаҳодатномаи ронандагӣ барои муҳоҷирон: чӣ гуна дар Русия онро метавон гирифт - видео

Муҳоҷир ҳақ дорад дар Федератсияи Русия бо шаҳодатномаи тоҷикӣ мошини шахсиро идора кунад, аммо ҳангоми таксиронӣ аз он истифода бурда наметавонад.
Sputnik
Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон метавонанд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гиранд.
Дар ин бора Елизавета Белова, таҳлилгари аршади маркази коршиносии "Ҳаракат бидуни хатар" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, эътибори шаҳодатномаи ронандагии навъи русӣ барои хориҷиён аз рӯи мӯҳлатҳои ҳуҷҷатҳои иҷозаи муваққати зиндагӣ (РВП) ва ё иқомат (ВНЖ) танзим мешавад.
"Агар шаҳодатномаи Русия барои 10 сол эътибор дошта бошад, пас вақте ки мо дар бораи иҷозаи муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) ҳарф мезанем, пас дар ин ҷо муҳлат хеле кутоҳтар мешавад", - қайд кард коршинос.
Дар мавриди нархи таҳсил дар мактабҳои ронандагии Русия, шароити супоридани имтиҳонҳо дар пулиси роҳ барои шахсони бешаҳрванд ва русҳо яксон аст.
Дар Русия хостори лағви патент барои муҳоҷирони ронандаи мошинҳои боркаш шуданд
Муҳоҷири корӣ бо шаҳодатномаи ронандагии тоҷик метавонад дар Федератсияи Русия мошини шахсиро идора кунад, аммо ин иҷоза барои кор дар такси дахл надорад.