ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои иҷрои корҳо гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сафарбар карда шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт рафата шахсан бо рафти корҳои соҳилбандӣ шинос шудааст.
“Сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, сокинон низ дар ин иқдом саҳми арзандаи худро мегузоранд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.
Мақомоти Суғд илова кардааст, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
Қайд карда шудааст, ки дар сатҳи зарурӣ ба охир расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имкон медиҳад, ки зарари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шавад.