ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ширкати Innovative Road Solutions дар бораи вазъи шоҳроҳи Душанбе-Чанок пас аз барфи шадиди шабона гузориш дод.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии IRS, дар иртибот ба бад шудани обуҳаво, кормандон таъмири роҳро пурзӯр карда, аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард карданд.
"Ба шарофати чораҳои таъҷилӣ ҳоло роҳ боз шудааст ва ҳама намуди мошинҳо метавонанд дар он ҳаракат кунанд", - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
Қаблан дар бораи боридани барфи зиёд дар қитъаи роҳ аз минтақаи Варзоб хабар дода шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки бо фарорасии фасли баҳор ин ширкат ба таъмиру таҷдиди роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори он, гузоштани аломатҳои роҳ, таъмири пулҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра шурӯъ кард.
IRS тасмим гирифтааст, ки мушкилотеро, ки дар фасли сармо дар шоҳроҳ ба миён омадаанд, тадриҷан ҳал кунад.