Эрон ва Арабистони Саудӣ аз саргирии равобити дипломатиро тасдиқ намуданд

Вазири хориҷаи Эрон ва Арабистони Саудӣ ахиран дар Пекин дар бораи аз саргирии равобити дипломатӣ миёни ду кишварро тасдиқ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ахиран Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон бо Файсал бин Фарҳон ҳамтои Арабистонии худ дар Пекин дидор кард.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор ва гуфтугӯ бо Файсал бин Фарҳон вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ дар бораи аз саргирии равобити дипломатӣ миёни Теҳрон-Риёз ба пойтахти Чин омад.
Вазирони хориҷаи Арабистони Саудӣ ва Эрон баъд аз мулоқоту дидор дар як изҳороти муштаракеро дар Пекин ба имзо расониданд, нияти худро барои барқарор кардани равобити дипломатӣ ва шурӯъи омодагӣ ба ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, ки ҳафт сол баста шуда буданд, тасдиқ карданд.
Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад
Ба тибқи иттилоиъ манбаъ, дар миёни бандҳои тавофуқномаи Риёз ва Теҳрон “тасдиди тавофуқи рӯзи 10 март дар мавриди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар ва оғози омодагӣ ба ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатиро дар бар мегирад”.
Илова бар ин, тавре ки шабакаи телевизионӣ қайд кардааст, дар изҳороти муштарак "ният ба пайравӣ аз рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо" таъкид шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки "боздидҳои расмӣ ва сафарҳои ҳайатҳои хусусӣ" аз сар гирифта шаванд.