Эълони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла дар Суғд

Озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд озмуни "Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ" гузаронида мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ба ғолибон — соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои "Хонаи истиқоматии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин", "Деҳаи беҳтарин", "Деҳоти беҳтарин", "Шаҳраки беҳтарин" мутаносибан 6 ҳаз. сомонӣ, 4 ҳаз. сомонӣ ва 2 ҳаз. сомонӣ супорида хоҳад шуд.
Зикр гардидааст, ки ба ғолибони бахшҳои "Шаҳри беҳтарин" ва "Ноҳияи беҳтарин" мутаносибан 10 ҳаз. сомонӣ, 6 ҳаз. сомонӣ ва 3 ҳаз. сомонӣ тақдим мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории се озмун 11 миллион сомонӣ масраф хоҳад кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шудааст.