ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии “Забони русӣ – асоси рушди фазои таълимии Русия ва Тоҷикистон” ба кор шурӯъ кард.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, фароҳам овардани имконияти омӯзгорон барои ташкили муколамаи озод, табодули таҷриба дар корҳои методӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Дар форум 50 нафар роҳбарони мактабҳо ва зиёда аз 300 омӯзгорон ҷамъ омаданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум сафири Русия Семён Григорев ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Ҷамшед Ҳабибулло суханронӣ карданд.
Онҳо ба ҳозирин муроҷиат намуда, аҳамияти забони русиро барои ҳамкории ду кишвар на танҳо дар соҳаи маориф ва илм, балки дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар ИДМ Соли забони русӣ эълон шудааст.
Дар нишасти Остона аз таъсиси созмони пуштибонӣ ва тарғиби забони русӣ дар кишварҳои ҳамсуд эълом шуд. Вазифаи асосии он ҳифз ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар асоси ҳамоҳангии наздики забонҳои кишварҳои узви ин иттиҳод мебошад.