ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳадди аксари ҳукми эҳтимолие, ки ба президенти пешини ИМА Доналд Трамп аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ, 136 соли зиндонро ташкил медиҳад.
Ин оморро шабакаи телевизионии "Fox News" бар асоси таҳлили маҷмӯи иттиҳомот алайҳи Трамп пешниҳод кардааст.
"Дар ин иттиҳом ҳукми ҳадди аксар 136 соли зиндон пешбинӣ шудааст, аммо ҳукми воқеӣ эҳтимолан сабуктар аз он аст, ки сиёсатмадор бо ҳама иттиҳомҳо маҳкум шуда бошад", - гузориш дод шабака.
Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи ИМА шуд, ки боздошт шудааст, ҳарчанд ҳамагӣ барои 2 соат.
Дар суди ҷиноии Манҳеттани Ню-Йорк, Трампро барои қалбакӣ кардани сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 банд айбдор карданд.
Ба гуфтаи додситони Манҳеттан, Алвин Брегг раисиҷумҳури собиқ ва шарикони ӯ дар соли 2015 ба мувофиқа расида, нақшаи ҷилавгирӣ аз иттилооти манфӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2016-ро таҳия кунанд.
Зидди Трамп инчунин барои "номаҳои таҳдидкунандаю суханронӣ" ва паёмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳри Ню Йорк айб эълон шудаст.
Зимнан зикр мегардад, ки худи раисиҷумҳури собиқ ба гуноҳаш иқрор нашуда, мурофиаро "ҳайратовар" номид ва қайд кард, ки кишвар "ба дӯзах" равона шуда истодааст.
Дарҳол пас аз мурофиа, Трамп ба бошишгощи худ дар Мар-а-Лаго ба Флорида баргашт ва бо тарафдорони он ҷо сӯҳбат кард. Вакили дифои сиёсатмадор Ҷо Такопин бар ин назар аст, ки иттиҳомоти алайҳи зерҳимояаш бедалел мебошанд. Мурофиаи навбатии ин парванда 4 декабр таъйин шудааст.