ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд бонувони ҳунармандонро барои дарёфти Грантҳои Раиси шаҳр ба озмун даъват кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025" ба тавсиб расид.
Тибқи ин қарор ба бонувони ҳунарманд ва эҷодкорт 40 грант дода мешавад, ки маблағи он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ин тадбир бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" сурат мегирад.
Манбаъ зикр намудааст, ки 40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 таъсис дода шуд, аз ҷумла: -5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 ( се ҳазор) сомонӣ мебошад.