ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон миёни ҷонибҳо 14 санади ҳамкорӣ имзо шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими имзо дар ҳузури роҳбарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев сурат гирифт.
Дар ин феҳраст аз ҷумла созишнома байни ҳукуматҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти умури дохилии ду кишвар, протокол мақомоти гумрук оид ба ташкили табодули пешакии иттилоъ доир ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриии Озарбойҷон интиқол меёбанд, аз ҷумлаи санадҳои наванд.
Ёддошти тафоҳум миёни мақомоти молиявӣ оид ба хамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонӣ даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм низ имзо шуданд.
Барномаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни ҳукуматҳо то соли 2025 аз ҷумлаи санадҳои имзошуда мебошад.
Харитаи роҳ оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти кишоварзӣ барои солҳои 2023-2024, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2023-2024, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ёддошти тафоҳум дар соҳаи сармоягузорӣ, пешбурди стартапҳо ва соҳибкорӣ низ имзо гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамкорӣ миёни мақомоти сайёҳӣ, ҳамкории бонкҳои марказӣ созиш кардаанд.
Ёддошти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Агентии ташвиқи содирот ва сармояи Озарбойҷон мувофиқа гардидааст.
Протокол оид ба барқарор намудани равобити бародаршаҳрӣ байни шаҳри Исфара ва Шуша, ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Агентии соҳибкории хурд ва миёнаи Озарбойҷон низ имзо шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Алиев бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуда, интизор меравад, ки ин боздид ба густариши ҳамкориҳо таҳким бахшад.
Мубодилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2022 ҳудуди 6,5 млн долларро ташкил додаст, ки аз ин наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил медиҳад.