Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки барои иштирок дар Ниммарафони байналмилалӣ аз тамоми бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон даъват карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 15 апрел, Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ додааст Мақомоти шаҳри Душанбе.
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар 10 мусобиқа ва чемпионати ҷаҳонӣ то охири сол
Қайд карда шудааст, ки аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда мешаванд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ дар Ниммарафони Душанбе чун анъана, дар баробари варзишгарони тоҷик намояндагони Афғонистон, Беларус, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Чин, ИМА, Эрон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд.
Бар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе байни мардон ва бонувон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ҷоизапулӣ дода мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ барои ишғоли ҷойи аввал 39,2 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 33,6 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 28 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Ҳамзамон барои ишғоли ҷойи чаҳорум 22,4 ҳазор сомонӣ, ҷойи панҷум 20,1 ҳазор сомонӣ ва ҷойи шашум 16,8 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.