Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Украина дар як рӯз танҳо дар як хати ҷабҳа беш аз 410 сарбозашро аз даст дод

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки артиши Русия дар хати ҷабҳаи Донетск беш аз 410 сарбози украинӣ ва ду нафарбари зиреҳпӯшро нобуд кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки давоми як рӯз низомиёни Русия дар хати ҷабҳаи Донетск беш аз 410 сарбози украинӣ, ду нафарбари зиреҳпӯш, чаҳор мошини зиреҳпӯш, як танк ва як тӯпро нобуд карданд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба иттилои вазорат дар хати ҷабҳаи Донетск дар натиҷаи амалиёти воҳидҳои нерӯҳои “Ҷануб”-ӣ, зарбаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ ду нафарбари зиреҳпӯш, як танк, чаҳор мошини зиреҳпӯш, ду мошин ва як тӯпи D-30 нобуд карда шуд.
"Дар ин хати ҷабҳа танҳо дар як рӯз душман беш аз 410 нафар низомиён ва зархаридони худро аз даст додааст", - гуфт вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
НАТО дар Украина банд монд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.