Алиев Раҳмонро ба Боку даъват кард

Раисиҷумҳури Озарбойҷон зимни мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон дар Душанбе ӯро ба боздиди ҷавобӣ ба шаҳри Боку даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Боку даъват кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Раҳмон дар навбати худ аз Алиев барои ин даъват изҳори сипос кардааст.
"Ман дар нахустин фурсати муносиб аз даъвати меҳрубононаи шумо ҳатман истифода хоҳам кард", ваъда дод Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои озарбойҷонии худ.
Вай инчунин пас аз гуфтушунид ба Васоити ахбори омма изхорот дод.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар тӯли 30 сол тавонистаанд механизмҳои муассири ҳамкориҳоро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи мардуми ду кишвар хизмат мекунанд.
Аз транзит то коркарди конҳои нафту газ: Раҳмон гуфт бо Алиев дар бораи чӣ суҳбат кард
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки ин музокирот созанда буд ва ҳадафи он пешрафт ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Илҳом Алиев дар нишасти 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват шуда буд.
Раҳбари Озарбойҷон 5 апрел соли равон барои як сафари якрӯза вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.