Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ба Зеленский тавсия дода шуд, ки ҳамлаи ҷавобиро фаромӯш кардаву гурезад

Раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем" дар Запороже бо маслиҳат ба президенти Украина муроҷиат кард, ки ба нақшаи Б - фирор, омода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бояд ба умеди муваффақияти ҳамлаи ҷавобӣ даст кашад ва дар бораи фирор фикр кунад.
Дар ин бора раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем" дар Запороже Владимир Рогов изҳор дошт.
"Вақти он расидааст, ки Зеленский ба худтасаллидиҳӣ дар бораи ҳамлаи бомуваффақият машғул нашавад, онро фаромӯш кунад ва ба фирор омода шавад", - гуфт ӯ.
"Зеленский, назорат бар шаҳри дигарро аз даст дода, ба худманишӣ машғул аст ва кӯшиш мекунад, ҳамаро бовар кунонад, ки ӯ то чӣ андоза даҳшатнок, хатарнок ва ҷиддӣ аст", - гуфт Рогов.
Аммо Русия ба ҳар гуна ҳамла омода аст, боварӣ дорад аъзои шӯрои асосии маъмурияти Запороже.
Қаблан вазири дифоъи Украина Алексий Резников дар мусоҳиба бо рӯзномаи Лаҳистон Wyborcza гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҳамлаи ҷавобӣ фаъолона омодагӣ мегиранд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Хоҳари Ким Чен Ин: Зеленский Украинаро ба нобудӣ мебарад
Дар Ғарб, минтақаи Запороже борҳо яке аз самтҳои зарбазанӣ номиданд, зеро дар ин ҳолат имкон дорад, ки ба соҳили баҳри Азов баромада, буридани долони заминӣ ба Қрим имконпазир мешавад.
Дар навбати худ, дар Қрим борҳо изҳор доштанд, ки дар сурати ҳамлаи Киев "ҷавоби қотеона хоҳанд дод". Онҳо ҳамчунин сенарияи тасарруфи нимҷазира аз сӯи нерӯҳои украиниро худкушӣ медонанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.