ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мизони сабти ҷиноят аз ҷониби ҷавонон коҳиш ёфтааст.
Чунин маълумот дар ҷаласаи фаврии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ оид ба ҷамъбасти натоиҷи фаъолияти 3 моҳ эълон гардид.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар 3 моҳи соли ҷорӣ содир ва ба қайд гирифташуда 100% кушода шудааст.
Нишондоди ошкор шудани ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6% афзуд, гуфт сардори ВКД-и вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода.
Мувофиқи таҳлили омор шумораи ҷинояткорон дар байни ноболиғон 80% кам шудааст.
Ба иттилои манбаъ, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ ва санҷишҳоба амал омадааст.
Назарзода ҳамчунин зикр кард, ки шумораи ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷиноятҳо 33,3% коҳиш ёфтааст.
Ғайр аз ин, ронандагон қоидаҳои ҳаракатро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди вилоят камтар вайрон мекунанд, дар натиҷа ҳаводиси фалокатбор 33,3% кам шудааст.