ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зиёда аз 340 даъватшаванда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуи неку дуои падару модарон ба хизмат равона шуданд.
Ба иттилои манбаъ, бахшида ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат барномаи фарогир ва хотирмон баргузор шуд.
Дар маросим масъулини шаҳри Ваҳдат таъкид карданд, ки шаҳри Ваҳдат бо ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор намуда, рӯзҳои наздик нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро менамояд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз имконияти мавҷуда дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ ҳал гардида, сохтмон ва навсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат меёбад.
Дар ҳамоиш ба зиёда аз 120 наваскаре, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшавандагону волидайни онҳоро шод гардонид.