Тоҷикистон аз Кузбасс масолеҳи чӯбу тахтаи бештар гирифтааст

Аз аввали сол инҷониб аз вилояти Кузбасс ба Тоҷикистон назар ба дигари кишварҳои Осиёи Миёна бештар чӯбу тахта фиристода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ба Тоҷикистон аз Кузбасс тақрибан 1,7 ҳазор метри мукааб чӯбу тахта ворид карда шуд, хабар медиҳад сомонаи kuzbassnews.ru.
Масолеҳи фиристодашуда асосан шпатели тиббӣ, чубу тахта, масолеҳ барои дуредгарӣ, чӯби саноатӣ ва ғайра мебошад.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 аз вилоят ҳудуди 23 ҳазор метри мукааб нафт содир шудааст.
Дар баробари ин қайд карда мешавад, ки ҳаҷми фиристодани маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 35% кам шудааст.
Русия интиқоли чӯб ба Тоҷикистонро афзоиш додааст
Гуфта мешавад, ки қисми зиёди чӯбу тахта ба Чин ба миқдори 20,9 ҳазор метри мукааб содир карда шудааст.
Баъдан давлатҳои Осиёи Марказӣ меоянд, ки аксари он ба Тоҷикистон содир мешаванд. Пас аз он Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон қарор доранд.
Содирот таҳти назорати идораи Росселхознадзор оид ба ҷумҳуриҳои Хакасияву Тува ва вилояти Кемеровои Кузбасс фиристода шуд.
Ҳама молҳо аз назорати фитосанитарии карантинӣ гузашта, аз ҳар як бастаи чӯб намуна гирифта шуданд.
Тадқиқотҳо дар Муассисаи федералии бисёрсамтаи санҷиши лаборатори дар Кемерово гузаронида шуда, пас аз он беш аз 630 сертификати фитосанитарӣ дода шудааст.