ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар натиҷаи боришоти зиёди борони ахир ба зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи "Пахтакор"-и Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ лойю селоба даромада зарари иқтисоди расонид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рафти офати табии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дидан намуд.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулин дастур додааст, ки ситод таъсис дода хисороти бавукуъ омада ҳисобида шуда, барои кӯмаку дастгрӣ ва саривақт тоза намудани манзили шаҳрвандон аз лою селоба чораҳо андешанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоятию ноҳиявӣ ва сокинони ҷамоати мазкур аз техникаву таҷҳизотҳои барқии оббарори ва дигар лавозимотҳо истифода бурда ба оилаҳои зарардида кумак мерасонанд.
Ҳамзамон кормандони кормандони тиб низ аз аҳволи сокинон хабар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаби 4-уми апрел сели зиёд омад.
Ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон биноҳои деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддини Кабуд осеб диданд. Селобҳои зиёди ҷоришуда таҳхонаҳо, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва заминҳои корамро зер кардааст.
КҲФ иттилоъ дод, ки ба хотири таъмини амният комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ тасмим гирифт, ки одамонро муваққатан кӯчонад.
Ҳамин тариқ, якбора 15 хонаводае, ки дар наздикии селроҳа зиндагӣ мекарданд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Барои расондани ёрӣ ба зарардидагон ва зуд бартараф намудани оқибатхои сел қувваю воситаҳои зарурии иловагӣ сафарбар карда шудаанд.