ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Кишварҳои Ғарб, ки алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд баъд аз оғози амалиёти вижа дар Украина бо роҳи якбора қатъи равобити тиҷорӣ рафтанд, аммо кишвар тавонист суботи иқтисодиро таъмин намояд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои давлатии рушди саноат таҳти таҳримҳо.
"Шумо медонед, ки бисёре аз соҳаҳо дар муҳосираи таҳримҳо қарор гирифтанд. Ташаббускорони ғарбии он бо роҳи қатъи якбора дар равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ рафтанд. Аммо мо тавонистем захираҳо ва кӯшишҳои худро барои таъмини суботи иқтисодӣ мутамарказ кунем”, гуфт Путин
Вай илова кард, ки аз чумла Русия барои андешидани як қатор тадбирҳои зарурӣ барои иваз намудани маҳсулоти ғарбӣ бо маҳсулоти тавлиди худи Русия ё хориҷӣ, аз кишварҳои "дӯст"-и иқдом кардааст.
“Мо ба маблаггузории фаъолона бар ивази таҷҳизот ва нармафзори воридотӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави маблағгузории имтиёзнок ва лоиҳаҳо шурӯъ кардем", - зикр кард Путин.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар қаламрави Украина, кишварҳои Ғарб алайҳи Русия таҳримҳои шадиди миёншикан тақрибан дар ҳамаи бахшҳои фаъолият ҷорӣ намуданд.