ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахароваи шаҳри Маскав боздид намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Зимни боздид мулоқоти кормандони сафорат бо масъулини ин марказ сурат гирифт.
“Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, инчунин шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт”,- таъкид кардааст сафорат.
Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфт.
Таъкид шудааст, ки ба шаҳрвандон дар бораи тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати риояи қонунҳо ва саривақт барасмиятдарории ҳуҷҷатҳояшон тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.