Ягон восита ба кор намеравад: Маркази тестӣ ба довталабон ваъдаи имтиҳоноти шаффоф дод

Дар Тоҷикистон довталабонро огоҳ карданд, ки барои вурудашон ба донишгоҳҳо ба дониши худ такя кунанд, зеро ягон восита ба онҳо кумак карда наметавонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсус ба довталабон гуфтааст, ки шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кораш буда, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ кафолат медиҳад.
Ин ниҳод аз кулли довталабон дархост кардааст, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.
Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд роҳ намедиҳад ва барои ин андешида мешавад.
Нархи хадамот ба довталабон дар соли 2023 боло рафт: Кӣ чанд сомонӣ бояд супорад?
Бо вуҷуди ин ба гуфтаи марказ, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
"Дар ҳолати ба чунин қаллобон, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, дучор шудан, ҳаргиз набояд фирефта шуд", - омадааст дар муроҷиатномаи марказ.
ММТ таъкид мекунад, ки натиҷаҳои кори қариб даҳсолааш собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад.
Дар шаш ноҳияи Тоҷикистон нуқтаҳои сайёри сабтином барои довталабон боз шуданд
"Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!", - афзудааст манбаъ.
Дар сурати бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардидан, аз довталабон даъват мешавад, ки ба ин ниҳод ва ё мақомоти давлатӣ муроҷиат кунанд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ сурат гирифта, бехатарию махфияти иттилоот низ бо риояи тамоми ҷузъиёташ таъмин мешавад.