Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон

Нерӯҳои Тоҷикистону Русия муштаракан нобудсозии дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки дар шароити куҳистон ба ҷумҳурӣ ҳуҷум намудаанд, тамрин мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи кӯҳӣ-саҳроии Ҳарбмайдони вилояти Хатлон оғоз гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии ФР.
Ба иттилои манбаъ, ин тамрингоҳ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ буда, низомиён пас гардондани ҳамлаи ҷангиёни ғайриқонунӣ тамрин мекунанд.
"Дар марҳалаҳои амалӣ воҳидҳои низомии Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои маҳви дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шароити кӯҳистонро машқ мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Зимни размоиш аз ҷумла ҳамоҳангии фармондеҳӣ ва назорати воҳидҳои қувваҳои муштарак дар ҷараёни муҳосира ва нобудсозии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ коркард мешавад.
Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон тайи як соли охир чӣ кор кард?
Интизор меравад, ки машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия то 7 апрел идома кунанд.
Асоси ҳайати низомии Русияро дар ин размоиш воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 бо теъдоди умумии беш аз 300 нафар ташкил медиҳанд.
Ба ҳайати иштирокдорон аз ҷониби Русия воҳидҳои кӯҳӣ, савора, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои муҳофизатӣ ва гурӯҳҳои мобилии муборизаи радиоэлектронии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дохил гардидаанд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, нерӯҳои таъйиноти гуногунро дар бар мегирад.